ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон хониши сиёсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ доир гардид.
Масъулин зимни андешаронии худ қайд намуданд, ки Паёми имсола фарогири соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ буда, дар он Президенти кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии мазкур аз ҷамъомади судманд изҳори миннатдорӣ баён карда шуда, даъват ба амал овард, ки мо аъзои ҲХДТ дар таблиғу ташвиқи муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият менамояд, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, дар рӯзи интихобот ба ҲХДТ ва номзадҳои он райъи худро дареғ намедорем.