БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПАЁМ ВАЗИФАҲОИ МУШАХХАСРО БА МИЁН ГУЗОШТАНД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шаҳру тавзеҳи  Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистондар ташкилоти ибтидоии хоҷагии фермерии «Асадулло» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вохӯрӣ баргузор намуд.

Сараввал вохӯриро раиси ташкилоти ибтидоии мазкур кушода, ҳадафи ҷамъомадро ба ҳамагон фамонид.  Сипас  роҳбарияти Кумитаи иҷроия ба сухан баромада,  дар бораи  Паёми навбатӣ сухан гуфта, қайд намуд, ки  Роҳбари давлат  дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Инчунин, дар идома таъкид карда шуд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Дар ҳақиқат дар сиёсати дохилии кишвар дар соли 2019 агрегати дуюми НОБ-и Роғун ба истифода дода шуд, ки ин қадами устувор баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg