ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрии баргузор карданд.
Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Имрӯз дар кишвар 10000 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидааст. Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва татарғиби тарзи ҳаёти солим диққати авалиндараҷа диҳем