ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Бойторӣ”-и ноҳияи Фархор бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва безарар ба соломатии инсон, махсусан маҳсулотҳои гуштӣ дар бозорҳо, ки аз барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бармеояд, суханронӣ намуданд.
Сипас, атрофи моҳияти Паёми имсола, ки тамоми соҳаҳои муҳими ҷомеаро дар бар мегирад ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда шуд.
Дар охир байни кормандони ҳизбӣ ва иштирокдорон суолу посухҳо сурат гирифта, аз баргузории мулоқот изҳори сипос намуданд.