ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №1»-и ноҳияи Фархор бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва аъзои ташкилоти мазкур ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва таблиғи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот қайд гардид, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши техналогияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аз вазифаҳои муҳимтарини мо дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҲХДТ ба соҳаҳои илму маориф эътибори ҷиддӣ дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф месозад.