БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ СУЛҲҶУЁНА!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар тащкилотҳои ибтидоии «Амонатбонк», «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона», «Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ», «АДСИН», «Бойторӣ»  хонишҳои сиёсӣ ва мулоқотҳо доир намуданд.

Дар мулоқот масъулин атрофи моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда,  кайд намуданд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибори хоса  пайдо кардааст.

Бо шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳмонда, тақвият бахшем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg