ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии намояндагони ҳизбӣ доир ба ин мавзӯъ дар ташкилоти ибтидоии «Ҷангал»-и назди Хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир гардид.
Масъулин оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва олами набототу ҳайвонот дар айни замон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон мебошад. Ҳамзамон, ин масоил дар Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор ёфта, қайд шуд, ки сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ гардиданд. Бо назардошти ин моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем.