ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ.Бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» ва иштироки бевоситаи намояндагони ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
Зимни баромадҳо қайд шуд, ки бо ташаббуси давлату хукумат дар давраи соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ дода мешавад.
Пешвои миллат дар Паёмашон вобаста ба соҳаи фарханг оид ба баргузории xашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ аҳамияти хоса доданд.
Бо назардошти иқдоми Пешвои миллат дар самти устувор сохтани мавқеи фарҳангии миллати тоҷик баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар назар гирифта шуданд.
Дар идома оид ба мубориза бо хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона суханронӣ шуда, даъват шуд, ки фарҳангиён лозим аст, ки рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.