БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНДОЗ ХАЗИНАИ ДАВЛАТ АСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нозироти андоз”-и ноҳияи Панҷ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ суҳбат дар доираи муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар доир гардид.

Дар ҷараёни баромадҳо оид ба дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлат барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ, дар ин замина таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ андешаронӣ  шуд.

Инчунин, қайд шуд, ки дар мулоқоте, ки Пешвои миллат бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо намуданд, ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав супориши қатӣ доданд.  Дастур доданд, ки ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам соддаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg