БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо сокинон ва омӯзгорони минтақаи манзилии №1-и шаҳри Норак бо иштироки гурӯҳи кории таблиғотӣ вохӯрӣ ҷиҳати  шарҳу тавзеҳи  Паёми имсола  ва Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони то 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро  роҳандозӣ  намоянд.

Аз Паём ёдрас шуданд, ки барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бояд таҳия шуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg