БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ТАРҒИБГАРИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА АСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва ҳамчунин оид ба баррасии муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Зафар» вохӯрӣ доир гардид.

Масъулини ҳизб вобаста ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, ҳифзи марзу бум ва ваҳдату ягонагии миллат мусоидат намояд.

  Ба ҳамагон вохӯрии мазкур писанд омада, таклиф шуд, ки  чунин чорабиниҳо бештар ба роҳ монда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg