ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “КДФ Обу корезӣ”-и Ҷамоати шаҳраки Ёвон ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он кормандони идораи мазкур иштироки фаъолона доштанд.
Зимни баромади хеш масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар самтҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар солҳои 2020-2025, нақши Ситоди пешазинтихоботӣ дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалӣ андешаронӣ карда, ҳозиринро барои интихоби ояндаи босаодат ҳидоят намуданд.
Сипас, дар қисмати амалии чорабинӣ дар партави Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!” бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба як нафар корманди корхонаи мазкур ба маблағи 500 сомонӣ маводи хӯрока кумак расонида шуд.