БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАСИДАН БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА ҲАДАФИ МОСТ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Роҳи нав-2»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш вохӯрии аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир гардид.   

Дар вохӯрӣ масъулин  доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, кайд карданд, ки Паём раҳнамоест баҳри расидан ба зиндагии шоиста.

Дар идома доир ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg