БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ МУТТАҲИД МЕСОЗАД!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар ташкилоти ибтидоии «Мискинобод»-и ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ корҳои ободонию бунёдкорӣ дар партави Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!”  гузаронида шуд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ зимнан роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки интихобот яке аз воситаҳои асосии муайян намудани иродаи шаҳрванд нисбати давлат, ҳизбу ҳаракатҳо ва ояндаи давлату миллат, ояндаи неки худ ва фарзандони он ба шумор рафта, аз ҳар як шахс дарки амиқи онро талаб мекунад. Ин амал аз ҳар як шаҳрванди кишвар тақозо менамояд, ки сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии хешро афзун намояд. Маъракаи сиёсӣ интихоботи вакилони мардумӣ, ки санаи 1-уми марти соли ҷорӣ ҷараён мегирад, бешак пешрафти ҷоҳонбинии сиёсии ҷавононро нисбат ба солҳои пешин, махсусан соли 2015 нишон медиҳад.  

Ҷамъомадагон иброз доштанд, ки  барои ояндаи дурухшони ватани маҳбуб ва пешрафти ҷомеаи имрӯза софдилона хизмат менамоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg