Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи эълон гаштани соли 2020 «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Садоқат»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрии навбатӣ баргузор гардида, дар он масъулин муҳтавои Паёми имсоларо ба ҳамагон шарҳу тавзеҳ доданд.
Инчунин, дар идома моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баррасӣ шуда, ҳозирин барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳидоят шуданд.