Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи эълон гаштани соли 2020 ҳамчун «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Ахмедов»-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни суханронӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъулин афзуданд, ки ҲХДТ масъалаи рушди омили инсонӣ, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуда, таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро ба хотири пешрафт ва бедории андешаҳои нави созанда, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад.