БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ЯКҶОЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРҲОИ БОХТАР, ЛЕВАКАНД ВА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ДОИР ШУД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Кӯшониён доир гардид.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, узви Кумитаи иҷроия шаҳрии ҳизб, муовини раиси шаҳр Абудназарзода Шоиста, раисони  Кумитаҳои иҷроия дар шаҳри Леваканд ва ноҳияи Кӯшониён, намояндагони комиссияи ҳавзаи интихоботии “Бохтар №26”, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис аз пешбарии номзад  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии “Бохтар №26” муҳокима карда шуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ номзадии  узви ҲХДТ Шарипов Саидбурҳон Ғазоевич  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Малҷиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии “Бохтар №26” пешбарӣ гардид.

Дар кори Конфересияи вакилон аз шаҳрҳои Бохтару Леваканд ва ноҳияи Кӯшониён ба сухан баромада, пешниҳодро дар бораи номзадии Шарифов Саидбурҳон Ғазоевич ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карданд. 

Сипас, овоздиҳии пинҳонӣ доир гардида, тибқи ҳисоботи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо Шарифов Саидбурҳон Ғазоевич  бо гирифтани аксари овозҳои вакилони Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Кӯшониёнро ба даст оварда, ҳамчун номзад аз Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон ба  вакилии Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи “Бохтар №26” пешбарӣ карда шуд.

Дар идома,  Дилафрӯзи Абдулло номзади пешбаришударо барои сазовор гардиданаш ба боварии вакилон табрик гуфта, иброз дошт, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кадрҳои ҷавону пуртаҷриба ва меҳнатдӯстро датсгирӣ намуда, барои вазифаҳои пурмасъули давлатӣ таъин менамоянд. Мо масъулонро лозим аст, ки барои ба таври шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ саҳми худро гузорем.

Дар охир, раиси Кумитаи иҷроия шаҳрии ҳизб  С. Шарифовро табрику таҳният гуфта, иброз дошт, интихобот ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ, раванди муҳими сиёсиест, ки аз натиҷаҳои он пешрафти рушди минбаъдаи давлати мо сахт вобаста аст. Бинобар ин, моро лозим аст, ки барномаи ҲХДТ ва номзадҳои онро дар маҳал тарғибу ташвиқ намоем ҷиҳати ба даст овардани раъйи бештари интихобкунандагон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода барем ва заминаҳои  мустаҳками робита бо ҷомеаро дошта бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg