КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Хонаи бахт" атрофи самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ин маҷлис намояндагони ҳизбӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Роҳбари давлат рушди соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалятнок дар мадди аввал гузошта, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи мазкур пайваста дастуру супоришҳои судманд медиҳанд.Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар ӯ аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилотҳои зиёде рӯ ба рӯ гашта, дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад. Дар фарҷом таъкид ба амал оварда шуд, ки дар пеш моро маъракаҳои муҳимми сиёсӣ, махсусан интихоботи парлумонӣ интизор мебошад. Пас моро зарур аст, ки дар интихобот фаъолона ширкат намоем ва ҷомеаро низ ба фаъолнокӣ ҷиҳати иштирок дар ин маърака даъват намоем.