БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲАИ МАОРИФ – ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии "Мактаби Президентӣ" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ изҳор доштанд, ки масъалаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар буда, мавриди таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат қарор дорад. Зимни Паёму суханрониҳои худ дар иртибот ба соҳаи маориф ҳамеша дастуру супоришҳои мушаххас дода, рушди онро дар сиёсати иҷтимоии мамлакат ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ менамоянд.

Дар охир иштирокдорон қайд намуданд, ки Паёмро ҳамчун як дастурамали  корӣ истифода бурда, мо кормадони соҳаи маориф кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg