ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Омори”-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулин қайд намуданд, ки барои ҳар як инсони ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои ҲХДТ ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа аз ҳама арзишҳо боло меистад ва таҳкими манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ масъулин атрофи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ муфасал суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки Барномаи ҲХДТ муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти пешрафти ҷомеаи демократист.