БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ПИСАНДИ СОКИНОН ГАШТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Аъзои Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Сариосёб” бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои  он вохӯрӣ доир карданд.

Масъулон оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва вакилони он маълумот  дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” баҳри пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам фаъолтар сохтани нақши ҳизб дар беҳтаршавии сатҳи некӯаҳволии мардум неру ва қувваи худро равона  менамояд.     

Дар ҷамъбаст ҳозирин Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ –ро якдилона маъқул шуморида, ба суолҳои худ дар мавзӯи интихобот ҷавобҳои қаноатбахшкунанда гирифтанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg