БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ-РОҲНАМО БАРОИ ФАТҲИ ҚУЛЛАИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар китобхонаи Қасри фарҳанги шаҳри Левакант роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии “Мактаби санъати бачагона”, “Раёсати молияи шаҳр”, “Ориёнбонк” ва “Бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр” вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар мулоқот масъулин атрофи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  суханронӣ карданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки  бо ибтикори Сарвари кишвар аз ҳисоби Фонди Президентӣ чоп ва тақдим намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба тамоми аҳолии кишвар яке аз нуктаҳои Паёми имсола буд.  Президенти ҷумҳурӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар китоби мазкурро туҳфа намояд.
  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg