ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Вазифаи насли калонсол назди ҷавонону наврасон тарғиби илмомӯзӣ ҷиҳати бедор кардани тафаккури эҷодии онҳо ва ихтирооту навовариҳо буда, дар ин самт лозим аст, ки шароити мусоид барои таълиму тарбияи ин насли ҷавони ҷомеа фароҳам оварда шавад. Вобаста ба ин масъала дар ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз”-и ЛКТ-51-и ноҳияи Панҷ мулоқот роҳандозӣ гардид. Ба саҳми ҳайати омӯзгорони Литсей эълон гаштани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бори дигар расонида шуд.
Дар идома оид ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби қаноти ҷавонони ҳизб – аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки донишҷӯёни ЛКТ-51 ба он шомил мебошанд, таъкид карда шуд.