БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАЗДИК БУДАН БО ХАЛҚ АМАЛАН СОБИТ ГАШТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба тарғибу ташвиқи  муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб  дар ташкилоти  ибтидоии “Баҳор”-и ноҳия  хониши сиёсӣ роҳандозӣ намуданд.

Дар раванди суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва Аксияи тарғиботӣ-амалии “Якҷоя хал мекунем!” андешаронӣ шуд. Қайд гашт, ки аввалин бор дар даврони соҳибистиқлолӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб мушаххас гардида, дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо ба таври фарогир сокинон бо саҳм гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои Паём сафарбар гардиданд. Ин тадбир аҳамияти ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти наздик будани сохторҳои ҳизбӣ бо халқ амалан собит кард. Дар Паёми имсола низ иқдомҳои шоиста бо дастгирии мардуми заҳматкаши кишвар  амалӣ мегарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg