НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастур супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми имсола ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид.
Дар суҳбат қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то дар солҳои минбаъда тамоми захираҳоро ба баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар ҳаҷми содирот ва аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии мавҷуда равона созад.
Сипас, дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сухан рафта, зикр шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлолият аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар сарчашма мегирад.
Дар охир миёни кормандони ҳизбӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ суолу посухҳо сурат гирифта, аз ин мулоқот ҳамагон ба худ тассуроти нек бардоштанд.