КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, муаррифии Барномаи пешзаинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ибни Сино”-и ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар чорабинӣ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои умумумиллии соҳибихтиёрӣ ва ошкорбаёнӣ амалӣ намудани ҲХДТ зикр гашт.