КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатӣ дар маҳаллаи «Зарифҷон Наимов»-и Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, шарҳу тавзеҳ дода шуд. Ҳамчунин дар бораи маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб аз ҷониби масъулин андешаронӣ шуда, сокинон Паёми Сарвари давлатро ҳамчун раҳнамо пазируфтанд.