ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ”-и ноҳияи Қубодиён ҷиҳати таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешбарии номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрӣ доир шуд.
Дар маҷлис намояндагони ҳизбӣ Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025 дар бар мегирад, мавриди омӯзиш қарор доданд. Раванди маъракаҳои муҳими сиёсӣ собит месозанд, ки ҲХДТ яке аз ҳизбҳои бонуфуз дар кишвар маҳсуб ёфта, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил медиҳад ва ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад, иброз доштанд масъулон.