БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР НАВБАТИ АВВАЛ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси  амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  аз  Паёми имсола бамеояд,   дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Қубодиён  суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.

Вобаста ба масъалаи зикргардида, дар ташкилоти ибтидоии “Алоқачиён” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат раҳнамои миллат аст” доир гардид. Роҳбарияи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон, масъалаи ташвишовари терроризму экстремизм ва дигар мавзӯъҳои рӯз сухан гуфтанд. Таъкид доштанд, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон бояд бепарво набошем. Онҳоро ба омӯзиши забони модарӣ, забонҳои хориҷӣ ва мутолиаи китоб  ҷалб намоем.   Барои азхудкунии донишҳои замонавӣ назоратро пурзӯр намуда, наврасону  ҷавононро ба хондани китобҳои бадеӣ  ҳидоят созем. Қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg