ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ноҳияи Данғара бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҳизб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилотҳои ибтидоии “Идораи беҳдошти замини”, “Муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”, “ММБТ” “Пешгирии вараҷа”, “Мактаби варзишӣ”, “ҶСШК Каёнуш” бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Баромадкунандагон дар мулоқот оид ба нуктаҳои Паёми навбатӣ, аз ҷумла иқдомҳои Пешвои миллат дар мавриди даъвати мардум ба мутолиаи китоб, Паём ҳамчун сарчашмаи таҳаввули маърифатнокии ҷомеа ва худшиносии миллӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ шуда, ҷиҳати татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ дар чорабиниҳои ҳизбӣ ва мусоидат бобати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ вазифагузориҳо карда шуд.