ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ СПИД»-и ноҳияи Восеъ вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилот баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ оид ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ иброз доштанд, ки интихоби тарзи ҳаёти солим роҳест барои ба даст овардани комёбиҳои назаррас, ҳамоҳангии ҷаҳони ботинӣ, муносибатҳои танзимшуда бо атрофиён, инкишофи зеҳнӣ ва маънавӣ .
Саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост. Бояд пеш аз ҳама маданияти муносибати ҷомеаро ба гирифторони ин беморӣ баланд бардорем, иброз дошт раиси ташкилоти ибтидоии мазкур.