ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Вахш ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии «Роҳи нав-1»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва барномаи пешазинтихоботии ҳизбиро, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» мебошад, шарҳу тавзеҳ доданд.