БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД АРЗИШИ ОЛИЯНД!

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда, дар такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти манфиати ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош хоҳад варзид, - иброз доштанд зимни вохӯрӣ аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Боғи фарҳангӣ”-и шаҳр.

Ҳамзамон, миёни иштирокдорони чорабинӣ доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пос доштани фарҳангӣ миллӣ ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg