БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРАМАЛИ КОРИИ ҲАРРӮЗАИ МОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, инчунин оид ба омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода дар ташкилоти ибтидоии «Румӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқот доир гардид ва дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок ва суханронӣ карданд.

Масъулин зимни баромади хеш қайд карданд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат барои ҳар як сокини кишвар дастурамали кориест ва дар кору фаъолияти ҳаррӯза метавон аз он истифода бурд, зеро дар он  тамоми самтҳои хоҷагии халқ ба таври муфассал ва бо таҳлилу санҷишҳои амиқ  инъикос ёфтаанд.

Инчунин, Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ба дарки ҷамъомадагон рсонида шуда, даъват гардиданд, ки  дар баргузории  маъракаи  муҳими сиёсӣ-интихоботи дарпешистода ҳамчун шаҳрванди ватандӯст бо масъулияти баланди сиёсӣ  иштирок намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg