Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Маркази пӯст»-и ноҳияи Ҷалолиддини вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин зимнан дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, иброз намуданд, ки ҲХДТ идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад.
Вохӯрӣ бо суолу ҷавобҳои мушаххас ба анҷом расида, иштирокдорон аз он таассуроти нек бардоштанд.