БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ МУСОИДАТ НАМУД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дурахшон»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ   вохӯрӣ баргузор гардид.  

Масъулин дар суҳбат аз Паёми имсола ёдовар шуда, зикр намуданд, ки соле сипарӣ шуд, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт гардид.

Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Сипас, дар ин раванд моҳияти барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар дар даврони  истиқлолият марҳалаҳои пурпечутоберо паси сар намуда,  бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg