АНДЕША. Дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боз ҳам васеътар ва самараноктар ба роҳ мондани омӯзиши забони модариамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.
Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем.
Даъвати Пешвои миллат ба масъалаи он , ки “Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардонидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд” ин худ баёнгари он аст, ки рисолати на танҳо аҳли зиёӣ, балки тамоми мардуми ҷомеа, сарфи назар аз касбу кор, пеша ва самти фаъолият бояд пеш аз ҳама ба масъалаи гиромидошт ва ғанӣ гардонидани забон, мутолиаи китоб, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона гардад.
Беҳуда нагуфтаанд, ки хурд аз калон ёд мегирад. Дар сурате мо насли ояндасоз , насли ҷавобгӯй ба талаботи замонро тарбия карда метавонем, ки худ ҷавобгӯ ба талаботҳои замони муосир ва намунаи ибрат барои онҳо бошем.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ду масъала - бой гардонидани фонди луғавии забон ва мутолиаи китоб амри саривақтист. Имрӯз дар забони гуфтугӯӣ ба калимаҳое вомехӯрем, ки дар эҷоди адибони классики мо дучор меоянд. Вале бо сабаби истифода нагардиданашон ба забони адабии тоҷик роҳ наёфтаанд. Вақти он расидааст, ки мо ин калимаҳои аслан тоҷикиро ба забони адабиамон дохил намоем.
Гузштагони мо дар бораи китобу китобхонӣ панду андарзҳои зиёд доранд. Китобро дар ҷаҳон ёри аз ҳама беҳтарин, китобро фурӯғи субҳи доноӣ баҳо дода, аҳли башарро ба хондани китоб, ҳифзу нигаҳдори ин ганҷи бебаҳо даъват намудаанд.
Мо имрӯз мебинем, ки пешниҳодҳои Пешвои миллат дар масъалаи забономӯзӣ, киитобхонӣ, ҳамнасру ҳам назм натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварда истодаанд. Мо ҳамагон аз рафти озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” огаҳ ҳастем. Дар ин озмун на танҳо мактабиёну донишҷӯён, балки калонсолон, модарон, соҳибхоназанҳо иштирок намуданд.
Вобаста ба ин Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ҳамасола дар доираи васеътар, аз рӯи се самт: якум миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм дар байни калонсолон ба роҳ монда шавад.
Ин пешниҳоди Президенти кишвар мо кормандони соҳаи китобдориро вазифадор менамояд , ки хизматрасонии китобиро боз ҳам беҳтар намуда, талаботи хонандагонро ба китобҳои дархостнамудаашон қонеъ гардонем.
Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад, - омадааст дар Паём.
Шоир дар ҳамин маънӣ дуруст фармудааст:
Ҳар ҷо китоб аст, макони муқаддас аст,
Сайраш ҳамеша ғайри савобам намедиҳад.
Илова ба ин гуфтаҳо як нуктаро таъкид бояд кард, ки ҷойи китобро ягон чиз иваз карда наметавонад. Он лаззат, он кайфияте, ки кас аз мутолиаи китоб мегирад, аз дигар воситаҳои ҳозиразамон гирифта наметавонад. Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм , фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҷудо намудани маблағи зарурӣ барои хариди китобҳои ба фурӯшнарафта, ки теъдоди зиёдро ташкил медиҳанд, вазифадор карда шуданд.
Пешниҳоди чопи шоҳасари алома Бобоҷон Ғафуров ва то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як оилаи сокини кишвар аз номи Сардори давлат туҳфа намудани он як иқдоми шоиста дар шинохти таъриху фарҳанг, пайдо гардидани ҳисси ифтихор аз таърихи давлату давлатдорӣ ва фарҳанги боғановати миллат мебошад.
Ба хонандагон муаррифӣ намудани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчу миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар дар мисоли таърихи Саразми бостонӣ ва 700- солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандиро мо аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонем.
Мо пешниҳоди нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, ки ҷиҳати таҳкими пояҳои моддию техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат нигаронида шудааст, якдилона дастгирӣ менамоем ва барои дар амал татбиқ намудани он аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода мекунем.
Маҳсиддин Сайтоҷов, аъзои Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг