АНДЕША.Санаи 26 декабри соли равон дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як рӯзи таърихӣ сабт карда мешавад, зеро дар имрӯз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа шуд, ки тамоми самтҳои дохиливу хориҷиро фарогир буд.
Паёми имсола пурра фарогири таҳкими арзишҳои миллӣ, таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва амнияти кишвар буд ва аз ҳар соҳибватан тақозо мегардад, ки ба қадри арзишҳои миллӣ, дастовардҳои нодири он- Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъриху тамаддуни ҳазорсолаи миллати тоҷик бирасем ва аз насли Ориёӣ будани хеш ифтихор намоем.
Яке аз самтҳои муҳим расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ин дастовард ноил гардидааст. Имрӯз мо бо 24 соат барқ таъмин ҳастем. Бояд аз ёд набарорем солҳое буд, ки моҳҳо барқ надоштем ва ё дар як рӯз то 8 соат барқ мегирифтем. Бунёди ду чархаи НБО «Роғун» азамату шаҳомати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун намуд ва имрӯз ҷаҳон ба неру ва қудрати созандаи Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарҷамъии миллати тоҷик баҳои баланд додаст, зеро ки ҳар дастоварди нодири кишвари соҳибистиқлоли мо аз сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. Имрӯз мардуми кишвар хоса мардуми ноҳияи Ёвон сиёсати Президенти кишварро дар самти истиқлолияти энергетикӣ ҳаматарафа дастгирӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки барқро самаранок истифода намоянд, зеро ки самаранок истифода бурдани неруи барқ ба манфиати мост.
Дар доираи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидани ҳазорон километр роҳ, пул ва нақбҳо нишонаи пешравии давлати Тоҷикистон мебошад. Махсусан бунёди пули ҳафтуми Панҷи поён, яъне миёни давлати Тоҷикистон ва давлати ба мо дӯсти Авғонистонро қайд намудан зарур аст, ки баъди бунёди он равобити дӯстонаи ду миллати ҳамфарҳанг меафзояд.
Дар ин партав итминон дорам, ки мардуми ноҳияи Ёвон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ободонию созандагиро аз хонадон, кӯчаву маҳаллаҳо оғоз намуда, ин санаи муқаддасро бо дастовардҳои созанда ҷашн мегиранд. Мо бояд ҳар як соҳибватан дар рушду нумӯи Ватан саҳмгузор бошем ва ба ҷаҳониён собит созем, ки мо дар ҳақиқат мардуми ватандӯст ва куҳантамаддун ҳастем.
Иқдоми наҷиби дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ин аз фонди Президенти кишвар ба нашр расонидани китоби «Тоҷикон»-и алома Бобоҷон Fаффуров мебошад, ки ба ин васила ҳар як соҳибватан ва тоҷикистонӣ баъди мутолиаи пурраи ин китоб аз таъриху тамаддуни гузаштаи хеш бори дигар огаҳӣ пайдо менамояд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО соли 2020 ҷашн гирифтани 5500 солагии Саразми бостонӣ, 700 солагии Камоли Хуҷандӣ нишона аз таърихи ҳазорсола доштани миллати тоҷик буда, аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз тақозо мегардад, ки нисбати таърихи ҳазорсолаи худ эҳтиром доша бошад.
Будёд намудани муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои саломатӣ, боғчаҳои томактабӣ, таъмини ҷойҳои корӣ, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, махсусан мутахассисони варзида аз ҷониби соҳибкрону шахсони созанда нишона аз ояндаи дурахшони Ватан мебошад. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур қайд гардидани саҳми корхонаи азими саноати ноҳия ҶДММ «Джунгтсай Моҳир семент», роҳбараш Баҳриддин Ҷӯрахонов дар таъмини ҷойҳои корӣ ва фаро гирифтани зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони ноҳияҳои Ёвон ва Ҷ. Румӣ бо шуғл шоистаи таҳсин аст.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯ овардани сокинони кишвар ба китохонӣ ва бо ин васила ғани гардонидани мафкураи маънавӣ ва бурро гардидани нутқ шоистаи таҳсин буд, зеро ки солҳои охир насли наврас тамоман аз китобхонӣ дур монда, бо василаи нодуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар гунна гурӯҳҳо шомил гардиданд, ки ин нишона аз огоҳи надоштани насли наврас аз таърих, тамаддун ва аз ҳама муҳим мазҳаби ҳанафия мебошад, ки бобову бобокалонҳои мо то ба имрӯз ба ин мазҳаб пайравӣ намудаанд.
Соли 2020 дар кишвар маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки аз ҳар ки мо зиракии сиёсиро тақозо мекунад ва мо мардуми соҳибватан бояд вакилони арзанда ва соҳибкасбу соҳибэҳтиромро аз сатҳи парлумони касбӣ то вакилони ҷамоат пешбарӣ намоем.
Амният, сулҳу ваҳдат, озодӣ ин вожаҳои муқаддас барои миллати тоҷик аст ва пос доштани онҳо, ба қадрашон расидан агар қарзи ҳар як соҳибватан бошад, мо зиёиёни ҷомеа даҳчанд вазифадорем. Бояд саъю талош варзем, ки фарҳанги бегона решакан гардида, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи миллати тоҷик побарҷо гардад.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки тамоми самтҳои дохиливу хориҷиро фарогир аст, роҳнамоест ба кулли мардуми кишвар ва мо муваззафем барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат. Дар ин ҷода ба кулли мардуми Тоҷикистон барору муваффақиятҳоро таманно дорам.
Саёҳат Абдуллоева- муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон