МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Мӯъминобод Конференсияи муштарак дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин баргузори гардид.
Дар кори Конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар конференсияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ховалинг Халилзода Сафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон, раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии «Мӯъминобод №38» оид ба интихоби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Табаров Раҷабалӣ ва вакилони ҲХДТ дар ноҳияҳои Ховалинг ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иштирок доштанд. Ба муҳокимаи Конференсия пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии «Мӯъминобод №38» пешниҳод карда шуд.
Барои интихоб ва пешбарӣ шудан дар Конференсия номзадии Раҳимзода Саъдулло Абдулло ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии «Мӯъминобод №38» пешниҳод гардида, аз тарафи вакилон якдилона ҷонибдорӣ ёфт.