Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нафақа”-и ноҳияи Носири Хусрав вохӯрӣ ҷиҳати фаҳмонидани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ироа гардида, тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар марҳали интихобот ва эҳсоси масъулият дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулин оид ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба нафақахӯрон, таъмини устувори низоми молиявӣ, ҳаҷми маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки дар ҷумҳурӣ буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013 –ум 1 милларду 683 миллион сомониро ташкил мекард, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин ду баробар зиёд мебошад.
Сипас, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба таври муваффсал шарҳу тавзеҳ дода шуд ва аз ин мулоқот иштирокдорон ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.