ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидои “Муассисаи таҳсилоти томактабии №1” оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат ва тарғибу ташвиқи Барономаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимни баромад ҳамчунин, дар бораи рушди муассисаҳои томактаби сухан рафта, қайд карда шуд, ки рушди муассисаҳои таълимӣ хусусан муассисаҳои томактабӣ то соли 2021 ба 30% расонидани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин менамояд. Дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурӣ дар мамлакат 338 муассисаи томактабӣ бунёд ва тармиму таҷдид карда мешавад.