ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Корхонаи давлатии фаръи бақайдгирии молумулки ғайриманқул” оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Пешвои миллат, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мулоқот баргузор карданд.
Зимни суханронӣ масъулин аз ҷумла қайд карданд, ки роҳҳои ба даст овардани мувафаққият дар маъракаи сиёсӣ аз омилҳои гуногун вобаста буда, асоси онро тарғибот ташкил медиҳад.
Ҳамзамон оид ба масъалаҳои аҳмияти таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ ва чунин лоиҳа дар нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ, ки таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад, масъулон аз Паём ёдоварӣ карданд.