НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шифокорон”-и шаҳри Норак вохӯрӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Инчунин, дар идома оид ба барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сухан рафта, зикр гардид, ки ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.