БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ БОЯД ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ СУРАТ ГИРАД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Сомон»-и шаҳри Левакант бо иштироки гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрӣ доир гардид.

Дар маҷлис гуфта шуд, ки  интихобот аз шартҳои асосии сохти демократӣ   ва муаррификунандаи нуфузи  давлат ҳамчун ҷомеаи демократӣ буда, аз мардум иштироки фаъолонаро  тақозо мекунад.

Ҳамчунин, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия гардидааст ва муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар панҷ соли оянда дар он пешбинӣ гардидаанд, ба сокинон  муаррифӣ шуда, бандҳои алоҳидаи он шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дар охир иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифта, фаҳмиши худро дар бораи иштирок дар интихобот пурратар гардониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg