ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бобати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати коммуналӣ”-и ноҳияи Ёвон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ оид ба муҳтавои барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар ва нақши Ситоди пешазинтихоботӣ дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суханронӣ намуда, ҳозиринро барои интихоби ояндаи босаодат ҳидоят намуданд.