БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ – ЧОРАБИНИИ МУҲИМИ СИЁСӢ

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  дар ташкилотҳои ибтидоии “Шабакаҳои барқӣ”, “КВДХМК Данғара”, “Телеком”, “Шуғли аҳолӣ”, “Коллеҷи политехникӣ”-и ноҳияи Данғара вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳт гашта, масъалаҳои паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсоливу саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Забони давлатӣ” ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун талаботи асри навин, тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ баррасӣ   шуданд.

Сипас, барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шарҳу тавзеҳ дода шуда,  ҷиҳати татбиқи Аксияҳои ҳизбӣ,  бобати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ вазифагузориҳо  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg