БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ МУШТАРАК ВАКИЛИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор-муовини аввали  Раиси муаззами ҲХДТ ва Раҳмонзода Абдулло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Конференсияи якҷояи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Кӯшониён дар ноҳияи Вахш баргузор гардид.

Дар Конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ҷиҳати пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Вахш-32” муовини аввали  Раиси муаззами ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор суханронӣ карда, номзадии      Сафарзода Бахтовар Амиралиро пешбарӣ намуд. Мавсуф дар бораи кору фаъолият ва сифатҳои хуби  Сафарзода Бахтовар сухан ронда, аз вакилони Конференсия даъват ба амал овард, ки номзадии Сафарзода Бахтоварро ҷонибдорӣ намоянд. Вакилони Конфиренсия аз ноҳияи Вахш Садриддин Ахмедов, Зебонисо Нодирова ва  аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҳмадсаид Абдулҳаев ба музокира баромада, дар бораи хислатҳои нек ва кордониву соҳибмаърифат будани Сафарзода Бахтовар суханронӣ намуда, пешниҳоди Азизӣ Абдуҷабборро ҷонибдорӣ намуданд. 

Баъди баргузории овоздиҳии пӯшида, тибқи протоколи комиссияи баҳисобгирии овозҳо вакилони  Конференсия ба ҷонибдории номзадии  Сафарзода Бахтовар  якдилона овоз дода,  Сафарзода Бахтовар  дар Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Вахш, Ҷ.Балхӣ ва Кӯшониён  номзад ба вакилии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg