БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Фарҳанги шаҳр” ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҳизб вохӯрӣ доир шуд.
Зимни баромади худ намояндаи гурӯҳи таблиғотӣ Қосимзода Шералӣ қайд кард, ки соҳаи фарҳанг дар фаъолияти ҲХДТ мавқеи хоса дорад. Дар барнома тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои муҳими Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Дар идома масъулини ҳизбӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳамагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ, аз ҷумла баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ даъват ба амал оварданд.