БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо мақсади расонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Трансформатор” мулоқот доир намуданд.
Масъулин иброз доштанд, ки бахши сиёсати иқтисодӣ дар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз бахшҳои муҳим буда, дар бахши мазкур ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҲХДТ тасмим гирифтааст дар иҷрои ин ҳадафҳои стратегии давлат пешсаф ва саҳмгузор бошад. Саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул гардидааст, зеро рушди саноат барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.