Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи эълон гаштани соли 2020 «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии «А.Дӯстов»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсола ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин вобаста ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид шудаанд. Чунин корҳо, ки гувоҳи масъулияти баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд.
Ҷамъомадагон зикр намуданд, ки барои таъмини шароити мусоид дар маҳали зисти худ, сазовор шудан ба эътимоду боварии Роҳбари давлат баҳри анҷоми корҳои созандагӣ ҳамеша кӯшиш хоҳанд кард.